Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Санаи 18 майи соли 2021 тибқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Умед Бобозода бо Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид хонум Сезин Синаноғлу ва ҳайати намояндагии онҳо, аз ҷумла Роҳбари Дафтари Ҳамоҳангсози доимӣ хонум Ана Лукатела мулоқоти судманд анҷом дод. Дар вохӯрӣ ҳамчунин муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷонзода М. ва ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон иштирок доштанд.

Зимни мулоқот, Умед Бобозода ба хонум Сезин Синаноғлу оид ба фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, хусусан самтҳои афзалиятноки Стратегияи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон маълумоти муфассал дода, қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар самти риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон пайваста талош мекунад ва дар ин робита саҳми мақомоти Ваколатдор  оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас мебошад.

Хонум Сезин Синаноғлу низ қабули эҳтиромонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Умед Бобозодаро хуб пазируфта, сипосгузории худро байён кард.

Зимни вохӯрӣ суханрониҳо вобаста ба самтҳои ҳамкории байни мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар доираи таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, шиносоӣ бо ислоҳоти низоми СММ, доир ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳукуқи инсон дар доираи Шарҳи Универсалии Даврӣ ва дигар самтҳои муҳим анҷом дода шуд.

Аз ҷониби У. Бобозода қайд карда шуд, ки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондани ҳамкориҳои минбаъдаро бо Дафтари Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар самтҳои алоҳида мувофиқи мақсад шуморида, пеша намудани чунин иқдомҳоро вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар бахши ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон муҳим арзёбӣ менамояд ва идома додани онҳоро ба манфиати кор медонад.

Дар охири мулоқот хонум Сезин Синаноғлу Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пазироии самимӣ ва идома додани ҳамкориҳои мутақобилаи судманд баҳри риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуд. 

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор