Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

March 2024
M T W T F S S
1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Дар таърихи 24-уми июни соли ҷорӣ ҷаласаи V Алянси Авруосиёии Омбудсменҳо (ЕАО) дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур масоили “Мубодилаи беҳтарини таҷрибаҳо оид ба масоили мубрами ҳимояи ҳуқуқҳои маъюбон дар фазои Авруосиёӣ” мавриди баррасии иштирокчиён қарор гирифт.

Дар ҷаласа Омбудсменҳои давлатҳои аъзои Алянс: Федератсияи Россия, Сербия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷумҳуриҳои Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон ва Тоҷикистон, инчунин аз кишварҳои мухталифи фазои Осиё ва Аврупо, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ ширкат варзиданд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар мавзӯи “Масоили ҳимояи ҳуқуқии маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо маърӯза баромад намуда, ҷиҳати дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷода, хусусан аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имзо намудани Конвенсия байналмилалӣ дар бораи ҳифзи ҳуқуқи маъюбон, қабули санадҳои муҳими стратегӣ дар самти фавқуззикр, нақши мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳимояи ҳуқуқи маъюбон, хусусан дар давраи пандемияи COVID-19 ибрози ақида намуд.

Баъдан байни аъзоёни Алянс муҳокимаи ақидаҳо ва мубодилаи таҷрибаҳо сурат гирифа, дар фарҷоми ҷаласа қарор қабул карда шуд.

Инчунин, пешниҳод карда шуд, ки ҷаласаи навбатии Алянс моҳи октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Москва барпо мегардад.

Хотиррасон менамоем, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 2019 тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узви комилҳуқуқи Алянси Авруосиёии Омбудсменҳо гардид ва пайваста дар ҷаласаҳои он ширкат меварзад.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор