Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

 

Санаи 23-26 соли 2021 дар Осоишгоҳи «Сароб» ҷаласаи навбатии Гурӯҳӣ корӣ оид ба баррасии таҳияи лоиҳаи Баронома таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026 баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа намояндагони вазорату идора ва муассисаҳои ҷумҳурӣ, аз қабили Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи Генералӣ, ҳамчунин иштирокчиёни дигар аз Дастгоҳи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

 

Табқи нақшаи Гурӯҳи корӣ ва барнома ҷаласа чаҳор рӯз идома ёфта, дар ҷарраёни кори ҷаласа таклифу пешниҳодҳои аъзоёни Гурӯҳи корӣ мавриди муҳокима қарор дода шуда, тарҳи аввали лоиҳаи Барономаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026 таҳия карда шуд.

Дар фарҷоми ҷаласа қарор қабул карда шуд, ки тарҳи аввалини Барномаи таҳиягаштаи мазкур дар шакли санад ба тартиб дароварда шуда, ҷиҳати бори дигар бозбинии аъзоёни Гурӯҳи корӣ ва пешниҳоди таклифу тавсияҳои мушаххас баҳри мукаммал гардонидани Барнома ба уновонии аъзоён ирсол карда шавад.

Ҳамзамон, тибқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.01.2021, №32/10-16 лоиҳи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои слҳои 2022-2026 бояд то моҳи октябри соли ҷорӣ таҳия карда шуда, ҷиҳати тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

 

Хадамоти матуботии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор