Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Рўзи 8 июли соли ҷорӣ  дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо иштироки роҳбарият ва кормандони мақомот ба муносибати Рўзи маъюбон мизи мудаввар баргузор гардид.

Чорабиниро муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак Бобоҷонзода М. оғоз намуда, қайд намуд, ки сиёсати давлатӣ нисбати маъюбон дар асоси принсипҳои риояи ҳуқуқи инсон, манъ будани табъиз нисбати маъюбон, таъмини дастрасӣ ба инфрасохтор, тавонбахшӣ, баробарии ҳуқуқи маъюбон ва ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои маъюбон амалӣ мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ин самт санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқҳои маъюбонро эътироф намуда, барои таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои маъюбон тадбирҳои мушаххас меандешад.

Дар мизи мудаввар Бобохонов С. муовини сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи Ваколатдор оид баҳуқуқи инсон дар мавзӯи “Ҳифзи ҳуқуқи маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза намуд. Дар маърӯза маълумот дода шуд, ки, ҳифзи ҳуқуқи маъюбон аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» соли 2010 қабул шуда, танҳо ҷабҳаҳои ҳуқуқҳои маъюбонро ба танзим медарорад, ҳамчунин дар самти мазкур Стратегия, барнома ва нақшаҳои милли қабул шудаанд. Аз ҷумла, Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2025 қабул шудааст. Аз 27 феврали соли 2021 Барномаи давлатии “Муҳити дастрас”; бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2011 №604 Қоидаҳои бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ таъмин намудани маъюбон; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2009 №302 “Дар бораи тартиб ва андозаҳои пардохти ҷубронпулиҳои иловагии унвонӣ барои хизматрасонии нақлиёт ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании соли 1941-1945” қабул гардидаанд.

Яке аз самтҳои афзалиятноки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Стратегияи фаъолияти мақомоти мазкур барои солҳои 2021-2025 ин мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқи маъюбон мебошад. 

Дар ҷамъбасти чорабинӣ муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кудак Бобоҷонзода М. қайд намуд, ки ҳифзи иҷтимоии маъюбон дар маркази таваҷҷӯҳи сиёсати инсондустонаи Пешвои муаззами миллат   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.  Дар ин робита ғамхорӣ арҷгузорӣ ба ин қишри аҳолӣ  вазифаи ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор