Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Ҳолатҳои содиршавии ҷиноятҳо ба муқобили ҳаёт, озодӣ ва дахлнопазирии шахсию ҷинсии ноболиғон, хусусан нисбати хурдсолон ташвишовар боқӣ мемонад.

Ҳодисаи куштори ноболиғ Руфайда Иноятова, ки 4 июли соли 2021 бо бераҳмии махсус содир карда шудааст, боиси нигаронии амиқи мақомоти давлатӣ, хусусан, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли ҷомеа гардида, чораҳои таъхирнопазирро дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон тақозо менамояд.

Ин аст, ки раванди тафтишоти ин ҷинояти мудҳиш зери назорати бевосита ва нигаронии амиқи Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дорад.

Таҳлили муроҷитаҳои шаҳрвандон, маъумотҳо аз воситаҳои ахбори омма ва дигар сарчашмаҳо вобаста ба ҳолатҳои зӯроварӣ ва куштори ноболиғон нишон медиҳад, ки дар ҷомеа ҳанӯз ҳолатҳои муносибати бад ва ғайриинсонӣ нисбати кӯдакон ҷой доранд.

Дар бештар ҳолат, ин гуна ҷиноятҳо нисбати кӯдакон аз ҷониби хешовандон, ҳамсоягон, васию парастор ва ҳатто волидайн, яъне он нафароне, ки кӯдак ба онҳо боварӣ доранд ё дар тарбияву тобеияти ҷисмонӣ ва психологии онҳо ҳастанд, содир карда мешаванд.

Ҳуқуқи кӯдак ба эҳтироми шаъну эътибори инсонӣ ва дахлнопазирии шахсӣ, озод будан аз тамоми шаклҳои зӯроварӣ ҳуқуқи бунёдии кӯдакон ба шумор рафта, андешидани тадбирҳои зарурии қонунгузорӣ, маъмурӣ, иҷтимоӣ ва маърифатиро талаб менамояд.

Аз ин лиҳоз, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо дарназардошти таъмин намудани манфиатҳои беҳтарини кӯдакон такмили қонунгузорӣ вобаста ба пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои ҷиноятҳои муқобили озодӣ ва дахлнопазирии ҷинсии кӯдакон ва таъмини кафолати ёрии ҳуқуқии ройгон ба кӯдакон-ҷабрдидагон ва шоҳидони ин категорияи ҷиноятҳоро ҷонибдорӣ менамояд.

Ҳодисаи мазкур зери назорати қатъӣ қарор дошта, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст ҷиҳати ёрии ҳуқуқӣ ба пайвандони марҳум мусоидат намояд.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор