Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Ҷиҳати иҷрои банди 15 Нақшаи чорибиниҳои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 зикр гардидаанд, вобаста ба риояи вазъи баланд бардоштани мақоми зан дар фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод рӯзҳои 10 - 11 августи соли 2021 санҷиш гузаронида шуд.

Санҷиш нишон дод, ки дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод 12 нафар зан фаъолият доранд, ки 30 фоизи шумораи умумии хизматчиёни давлатиро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии вакилон 46 нафар зан вакили Маҷлиси Ҷамоатҳои шаҳрак мебошанд.

Саҳми занон дар рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, хизматрасониҳои бонкии ноҳия назаррас мебошад. Мақсаднок истифода шудани квотаҳои ҷудонамудаи Президентӣ ба рушди соҳаҳои иҷтимою иқтисодӣ таъсирӣ мусбӣ расонида, аз давраи амалишавии ин иқдоми инсондустона ва адолатпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия зиёда аз 200 нафар занону духтарони лаёқатманд соҳиби касбу кор гаштанд.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки солҳои охир саҳми занон дар рушди соҳибкорӣ низ баланд гардида, шумораи занҳои соҳибкор сол то сол зиёд шудааст. Масалан агар соли 2020 шумораи занони соҳибкор 390 нафарро ташкил намояд, ин шумора дар соли 2021 416 нафарро ташкил медиҳад.

Ҷаҳду талошҳои занону духтарони фаъол баҳри беҳтар намудани вазъи иқтисодиву иҷтимоии сокинон аз ҷониби роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, ба онҳо имтиёзҳо ва бартарӣ дода мешавад.

Новобаста аз дастгириҳо баъзе мушкилот дар самти мазкур ҷой доштанд, аз ҷумла шумораи умумии вакили Маҷлиси Ҷамоатҳо аз ҳисоби занон нокифоя мебошад. Мутахасиссон мушкилоти мазкурро дар ҷой доштани қолабҳои кӯҳнашуда, майл надоштани занону духтарон ба иҷрои вазифаҳои ҷамъиятӣ ва дар сатҳи зарурӣ мавҷуд набудани маърифати ҳуқуқии занон ва духтарони маҳаллӣ рабт медиҳанд.

Дар охир ба масъулин тавсия дода шуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани мақоми занону духтарон корҳои иттилоотониро беҳтар намуда, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта кӯшиш намоянд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор