Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 18 август дар Қасри Миллат ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаи назаррас доранд, мукофотиҳои давлатӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.
Қабл аз маросими супоридани мукофотиҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро бо муносибати фарорасии ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфтанд.
Дар ин маросим, аз ҷумла бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода медали "Хизмати шоиста" дода шуд.
Ҳайати кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозодаро бинобар сарфароз гардидан бо мукофотии давлатӣ, ки дар арафаи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ рост омадааст, табрику таҳният гуфта, дар фаъолияти минбаъда бурдбориҳои беназир таманно доранд.
Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ