Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

    Ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд Фатулаева Инобат Захировна 10 августи соли 2021 шифоҳӣ муроҷиат намуда, иброз дошт, ки бо Якубов Б.С. соли 2013 оила барпо намудааст ва аз зиндагии якҷоя соҳиби як фарзанд Якубова Ёсамин Бохтурхоновна (соли 2013) гаштаанд. Баъдан аз сабаби нофаҳмиҳо онҳо аз ҳам ҷудо шудаанд. Аз суханони Фатулаева И. бармеояд, ки собиқ шавҳараш Якубов Б.С. ногаҳон ғайб зада, барои нигоҳубини фарзанди ноболиғаш кӯмак намерасонидааст, бинобар ин барои беҳтар намудани шароити зиндагиаш ба хориҷи кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтааст.

    Айни ҳол шароити иқтисодиаш хуб буда, мехоҳад фаъолияти меҳнатиашро дар хориҷи кишвар идома диҳад. Бояд қайд намуд, ки дар он давра таълиму тарбияи фарзанди ноболиғаш Якубова Ё.Б. ба ӯҳдаи модараш Тураева Мавлуда Барноевна гузошта шуда будааст. Ҳоло бошад модараш Тураева М. иброз доштааст, ки аз ӯҳдаи танҳо нигоҳубини фарзанди ноболиғаш бо сабаби беморӣ намебарояд. Бинобар ин зарурати ҳамроҳ бо духтарча ва модараш ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар карданашон ба миён омадааст.

    Фатуллоева И. инчунин дар муроҷиаташ иброз дошт, ки бо собиқ шавҳараш Якубов Б.С. борҳо сӯҳбат намуда, хостааст, ки барои бо худ бурдани фарзандаш, ки ӯро танҳо нигоҳубин менамояд, боваринома диҳад.

    Якубов Б.С. бошад зиёда аз ду сол мешавад, ки барои додани боваринома саркашӣ намуда, бо ҳар роҳу восита канораҷӯӣ менамояд. Аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш намудааст, ки барои гирифтани боваринома кӯмак намояд.

    Дар робита ба дархости мазкур бо мусоидати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 августи соли 2021 боваринома дода шуд. Шаҳрванд Фатуллоева И. бинобар мусоидат ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори  сипос намуданд.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор