ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин озмун эълон менамояд:
-
Сармутахассиси Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кўдак, сармутахассиси Шуъбаи ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1674,00 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансабҳои мазкур
-
таҳсилоти олии касбӣ (ҳуқуқшиносӣ), ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабии мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-
2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-
донистани забони давлатӣ, забонҳои русӣ ва англисӣ;
-
кор карда тавонистан бо компютер.
Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда:
-
ариза ба унвони роҳбари мақомот;
-
варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 адад акси 3х4;
-
тарҷумаи ҳол;
-
нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-
нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
-
маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ;
-
нусхаи шиноснома;
-
нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
-
маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулкӣ;
-
маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ;
-
дигар ҳуҷҷатҳо дар мавридҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ.