Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон У. Бобозода 13 октябри соли ҷорӣ, ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи риояи ҳуқуқи инсон аз Муассисаи ислоҳии ЯС 3/1-и  Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал овард.

Ҳамчунин, дар боздид Раҷабзода Ҳайдаралӣ роҳбари Дастгоҳ ва Нидоев Ҳусниддин муовини Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ  ва сиёсии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон иштирок намуданд.

Ҳангоми боздид Ваколатдор бо тартиб ва қоидаҳои нигоҳдошти маҳкумшудагоне, ки дар ин муассиса адои ҷазо менамоянд, шинос шуд Ҳамчунин, аз шароити моддӣ ( хӯрок, либос, ҷои хоб), шароити санитарӣ, хизматрасонии тиббии муассиса дидан намуд.

Оид ба шароити нигоҳдорӣ ба маҳкумшудадагон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон сӯҳбатҳои алоҳида гузаронид. Аз ҷумла, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо дар ВАО хабарҳо оид ба мавриди муносибати бераҳмона қарор гирифтанашон нашр шуда буд, шахсан вохӯрӣ намуд. Дар рафти суҳбат маҳкумшудагон Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб ва Давлатов Абдуқаҳҳор иброз намуданд, ки онҳо мавриди муносибати бераҳмона қарор дода нашудаанд. Маҳкумшуда Ҳикматулло Сайфуллозода бошад, дар рафти суҳбат иброз намуд, ки ӯ аз ҷониби кормандон мавриди лату кӯб қарор нагирифтааст, балки байни ӯ ва дигар маҳкумшуда муноқиша сар задааст ва ин қазия хусусияти сиёсӣ надорад.

Онҳо дар рафти суҳбат нисбати ҳукми судӣ норозигӣ баён намуданд ва илова карданд, ки нисбати ҳукми суд ба мақомотҳои дахлдори давлатӣ барои аз нав баррасӣ намудан муроҷиат намудаанд.

Умуман дар рафти суҳбат маҳкумшудагон аз шароити нигоҳдори, либос, хӯрок ва муносибати кормандони муассиса изҳори миннатдорӣ намуданд.

Дар охир бо роҳбарияти муассисаи мазкур низ вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ оид ба талаботҳои қонунгузории амалкунанда ва санадҳои байналмилалие, ки Ҷумхурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, суҳбат гузаронида шуд.

Бояд қайд кард, ки тартиби нигоҳдории маҳкумшудагон ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалӣ мутобиқ мебошанд.

Боздидҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз чунин муассисаҳо идома меёбад.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор