Санаи 28-уми октябри соли 2021 ҷаласаи VI Алянси Авруосиёии Омбудсменҳо (ЕАО) дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур масоили “Мубодилаи беҳтарини таҷрибаҳо оид ба масоили мубрами ҳимояи ҳуқуқҳои ҷавонон дар фазои Авруосиёӣ” мавриди баррасии иштирокчиён қарор гирифт.
Дар ҷаласа Омбудсменҳои давлатҳои аъзои Алянс: Федератсияи Россия, Сербия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷумҳуриҳои Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон ва Тоҷикистон, инчунин аз кишварҳои мухталифи фазои Осиё ва Аврупо, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ ширкат варзиданд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар мавзӯи “Нақши мақомоти Ваколадор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҳимояи ҳуқуқии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо маърӯза баромад намуда, ҷиҳати дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷода, хусусан нақши қонунгузории густурдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини ҳифзи ҳуқуқи ҷавонон ва сиёсати иҷтимоии давлат нисбати ҷавонони кишвар таҳти роҳнамоии инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қабули санадҳои муҳими стратегӣ дар самти фавқуззикр, нақши мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳимояи ҳуқуқи ҷавонон ибрози ақида намуд.
Баъдан байни аъзоёни Алянс муҳокимаи ақидаҳо ва мубодилаи таҷрибаҳо сурат гирифа, дар фарҷоми ҷаласа қарор қабул карда шуд.
Хотиррасон менамоем, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 2019 тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Алянси Авруосиёии Омбудсменҳо гардид ва пайваста дар ҷаласаҳои он ширкат меварзад.
Хадамоти матбуотии ВҲИ