Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Чи хеле, ки маълум аст, санаи 13 сентябри соли равон Умед Бобозода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати вазъи имрӯзаи Афғонистон, хусусан пешгирии саривақтии вайроншавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва барқарорсозии онҳо ба Ваколатдорони ҳуқуқи инсони давлатҳои хориҷа муроҷиат ирсол намуданд.

Бино ба мурҷиатномаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҳамаи ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон (Омбудсменҳо) даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати пешгирии саривақтии вайроншавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва барқарорсозии онҳо дар ҳудуди Афғонистон бо ҳукуматҳои худ ва сохторҳои давлатии дахлдор ҳамкорӣ намуда, дар ҳалли масъалаи мазкур бетараф набошанд.

Вобаста мубрам будани муҳтавои масъалаи зикршуда, ба унвонии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобҳои посухӣ аз Ваколатдорон оид ба ҳуқуқи инсони кишварҳои хориҷа ба муроҷиатномаи мазкур ирсол карда шуданд.

Бо чунин назардошт Ақиқатчӣ (Омбудсмени)-и Ҷумҳурии Қирғизистон низ муроҷиатномаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарафдорӣ намуда, вокуниш нишон дод.

Дар мактуби посухӣ оварда мешавад, ки Ақиқатчӣ (Омбудсмени)-и Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамвақт омодааст, ҳамкориро бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвият додани пешгирии поймолшавиҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаи Авғонистон доир намояд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор