Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Дар робита ба таҷлили сазовори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16 ноябр дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо иштироки роҳбарият ва ҳайати кормандон мизи мудаввар баргузор гардид. Зимни сухани ифтитоҳӣ Умед Бобозода – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хидматҳои мондагони Пешвои муаззами миллат дар роҳи таҳкими низоми идоракунии Президентӣ ёдоварӣ карда, қайд намуд, ки: “Барои мо тоҷикистониён, тоҷикони ҷаҳон ва дӯстону шарикони байналмилалии ватани азизамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихӣ, бунёдгузории низоми давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозандаи сохти конститутсионӣ, меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ мебошанд.”

Дар идомаи чорабинӣ маърӯзаи Қодирӣ С.А. – сардори шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар мавзӯи “Шинохти нави тоҷикон ва Тоҷикистон ҳамчун самараи фаъолияти президентии Эмомалӣ Раҳмон” шунида шуд. Зимни баромад саҳми Пешвои миллат дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ, муттаҳидии миллат, ҳифзи давлат, хотима додани ҷанги шаҳрвандӣ, зинда гардонидани арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, муаррифии арзандаи Тоҷикистон дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон, роҳбари оқилона дар моварои буҳронҳои ҷаҳонӣ тақдирсозу арзанда ва муваффақияташон махсусан таъкид гардид.

Илова бар ин қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сиёсати муваффақонаи Пешвои миллат дар радифи пешравиҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию сиёсӣ дар таҳкиму пешрафти ҳуқуқи инсон низ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Президент ҳамчун кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд хизматҳои арзанда намудаанд.

Ҳамчунин иштирокчиён мизи мудаввар филми мустанади «Марди роҳ»-ро тамошо намуда, оид ба заҳмату талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи давлатсозӣ ва рушди бемайлони кишвари азизамон маълумоти муфассал пайдо намуданд.

Дар охир иштирокчиёни мизи мудаввар бо ҷонибдорӣ аз сиёсати инсонпарварона ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дар роҳи рушди минбаъдаи Тоҷикистони азиз ҳамрайъии худро иброз доштанд.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор