Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Таҳлили ахбори шабакаҳои иҷтимоӣ нишон дод, ки санаи 22 ноябри соли 2021 дар деҳаи Залари шаҳри Иркутски вилояти Иркутски Федератсия Россия дар натиҷаи оташ задани ҷои зисти муваққатии муҳоҷирони меҳнатӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Насимҷони Саидалии 21 сола ва Сироҷиддин Гулзодаи 19 сола ба ҳалокат расидаанд.

 

Дар натиҷаи фоҷиа 5 нафар дигар шарикони онҳо, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷароҳатҳои гуногун бардошта, ба муассисаҳои табобатӣ бистарӣ гардиданд.

Айни ҳол вобаста ба фоҷиаи мазкур аз тарафи мақомоти тафтишотии шаҳри Иркутск парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ҳодисаи мазкурро Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайгирӣ намуда, ҷиҳати мусоидат ба барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи муҳоҷирони меҳнатӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ошкор ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсони гунаҳгор ба унвонии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Иркутски Федератсияи Россия Семенова С. Н. (№ 236-02/2 аз 23 ноябри соли 2021) муроҷиат намуд.

Дар муроҷиат аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Иркутски Федератсияи Россия Семенова С. Н. хоҳиш карда шудааст, ки рафти тафтишотро пайгирӣ намуда, барои барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намояд.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор