Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори санаи муҳимми таърихӣ – Рӯзи Парчами давлатӣ самимона табрик мегӯям ва орзумандам, ки парчами давлатии Тоҷикистони азиз дар фазои сулҳу суботи мамлакат ҳамеша парафшон бошад ва мардуми сарбаланди кишварро ба сӯйи ояндаи боз ҳам осудаву обод роҳнамоӣ созад.

Имсол мо Рӯзи Парчами давлатиро дар соли барои тамоми мардуми Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сисолагии истиқлолу озодии Ватанамон таҷлил мекунем.

Дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ зери парафшонии Парчами давлатӣ дар кишвари мо даҳҳо иншооти бузурги аср ва садҳову ҳазорҳо иншооти муҳимми истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд гардиданд, ки ҳамаи онҳо самараи заҳмати ватандӯстонаи сокинони мамлакат буда, ба рушди устувори иқтисоди миллӣ, таҳкими иқтидори давлат ва ба таври бесобиқа ободу зебо гардидани Ватани маҳбубамон мусоидат намуданд.

Парчами давлатӣ ҳамчун нахустин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми сарнавиштсози Шӯрои Олии кишвар, ки дар ҷараёни он тақдири давлатдории навини тоҷикон тарҳрезӣ гардида, дар роҳи таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин, ба сӯйи ҳадафҳои умумимиллӣ қадамҳои аввалин гузошта шуданд, қабул гардид.

Бояд гуфт, ки ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ парчам барои мардуми куҳанбунёди тоҷик рамзи давлатдориву ватандорӣ, таҷассумгари ҳувияти миллӣ, ифтихору шараф ва нангу номус ба шумор рафта, фарзандони сарсупурдаи халқамон барои ҳифзи он ҷоннисориҳо кардаанд.

Тоҷикон дар таърихи навини худ бо Парчами давлати соҳибихтиёр узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардиданд ва равобити дӯстиву ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангиро бо аксари кишварҳои ҷаҳон ба роҳ монданд.

Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки имрӯз дар қатори дигар кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар назди бинои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ парафшон мебошад.

Парчами миллӣ, ки ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳансолори мо мебошад, ормону орзу ва мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос кардааст.

Воқеан, дар ҷаҳони муосир соҳиби парчами миллӣ будан яке аз рамзҳои асоситарини истиқлолу озодӣ ва давлатдории мустақил мебошад.

Бинобар ин, дар қатори дигар рамзҳои муқаддаси миллӣ арҷгузорӣ ба Парчам ва ба ҷо овардани эҳтироми он қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба шумор меравад.

Бо мақсади гиромидошти ин рамзи муқаддаси миллӣ 20-уми ноябри соли 2009 бо фармони Президенти мамлакат рӯзи 24-уми ноябр – Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.

Илова бар ин, ба хотири арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ ва тақвияти ҳисси милливу ифтихори ватандории сокинони кишвар, пеш аз ҳама, наврасону ҷавонон солҳои охир дар маркази вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, инчунин, шаҳраку деҳоти мамлакат даҳҳо майдону гулгашти Парчам бунёд гардида, ҳоло дар онҳо ин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон парафшонӣ мекунад.

Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар бинои тамоми идораҳои давлативу маъмурӣ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, иншооти варзиш, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон насб гардида, мардуми моро дар ҷодаи сарсабзиву ободӣ ва зиндагии босаодат рӯҳу илҳом мебахшад.

Вобаста ба ин, хотирнишон месозам, ки ҳар яки мо ҳисси эҳтиром, ифтихор, муҳаббат ва садоқатро ба рамзҳои муқаддаси миллӣ бояд дар зеҳну шуури фарзандонамон аз синни кӯдакӣ тарбия намоем, зеро рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла парчам таҷассумгари гузаштаи пурифтихори таърихӣ ва ояндаи дурахшони халқамон мебошанд.

Мо вазифадорем, ки Парчами миллии худро ҳифз намоем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ ва арзиши бебаҳои миллӣ ба ҷо оварем.

Ҳамчунин, хотиррасон менамоям, ки Парчами миллӣ ҳамчун рамзи муқаддаси давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёри тоҷикон бояд нишони сарисинагии ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар ва бонангу номуси ҷомеа бошад.

Итминони комил дорам, ки кулли сокинони кишвар минбаъд низ ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон, тақвияти иқтидори иқтисодии давлати соҳибихтиёрамон ва баланд бардоштани мақому обрӯи он раванди созандагиву бунёдкориро бо парафшонии Парчами миллӣ вусъати бештар мебахшанд.

Бори дигар тамоми шаҳрвандони Тоҷикистони азизро ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ – рамзи муқаддаси давлати соҳибихтиёри тоҷиконро самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар тандурустиву сарбаландӣ, бахту саодат ва файзу баракат орзу менамоям.

Рӯзи Парчами давлатӣ муборак, ҳамватанони азиз!

www.prezident.tj

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор