Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Таҳлили ахбори шабакаҳои иҷтимоӣ нишон дод, ки дар деҳаи Шубнои вилояти Воронежи Федератсия Россия зиёда аз сад нафар муҳоҷирони меҳнатӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошта, дар вазъи бади иҷтимоӣ қарор доранд.

Аз суханони муҳоҷирони меҳнатӣ бармояд, ки онҳо зиёда аз се моҳ дар ҳудуди деҳаи Шубное қарор дошта, дар давоми се моҳи фаъолият корфармо ба онҳо музди ночиз додааст, гуё ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияташонро гирифтааст. Бар замми ин муҳоҷирон дар шароити номувофиқ нигоҳ дошта мешуданд.

Вазъи баамаломадаро Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайгирӣ намуда, ҷиҳати мусоидат ба барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи муҳоҷирони меҳнатӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар сатҳи лозима пардохт накардани музди меҳнат, муҳаё намудани шароити мусоиди корӣ ба унвонии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Воронежи Федератсияи Россия Канищев С. В. (№ 206-02/3 аз 23 октябри соли 2021) муроҷиат намуд.

Вобаста ба муроҷиати мазкур Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Воронежи Федератсияи Россия Канищев С. В. (№ 1355/2021 аз 16 ноябри соли 2021) иттило дод, ки бо дарки масъулият муроҷиати мазкурро баррасӣ намуда, дар минтақаи мазкур санҷиши вазъи риояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатиро гузаронидааст.

Санҷиш нишон дод, ки вазъи баамаломода ба муносибатҳои байни миллатҳо вобастагӣ надоштааст. Роҳбари диаспораҳои тоҷик Фарҳод Асхоев низ изҳор намудааст, ки аз ҷониби маъмурияти ҶСП «Острогожсксадпитомник» нисбати вайрон шудани ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳол ягон арзу шикоят ба қайд гирифта нашудааст. Ҳангоми ташрифи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Воронежи Федератсияи Россия Канищев С. В. ба деҳаи Шубное ба корфармо директори ҶСП  «Острогожсксадпитомник» Гапоненко Е. Н. вохўрӣ намуда, маслиҳатҳо муфид вобаста ба риояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ дода шуда аст. Сабаби пурра пардохт накардани музди маоши муҳоҷирони меҳнатиро корфармо дар пурра иҷро накардани уҳдадориҳои шартномаи тарафҳо рабт додааст.

 Дар натиҷа талаботи муҳоҷирони меҳнатӣ қонеъ карда шуда, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Воронежи Федератсияи Россия изҳор дошт, ки минбаъд ҳангоми вайроншавии ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳо метавонанд бевосита ба ў муроҷиат намоянд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор