Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Бо ибтикори мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 75-солагии таъсисёбии Хазинаи кӯдакони СММ моҳҳои сентябр – ноябри соли ҷорӣ барои кӯдакони шаҳри Душанбе озмуни расмкашӣ таҳти унвони “Зодагони даврони Истиқлол” ташкил ва гузаронида шуд.

Дар доираи силсилачорабиниҳои мақомоти ВҲИ ҶТ ба ифтихори Ҳафтаи ҳуқуқи инсон ҷамъбасти даври ниҳоии озмуни мазкур рӯзи 8 декабри соли 2021 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки 250 нафар кӯдакони шаҳри Душанбе, меҳмонони фахрӣ аз мақомоти дахлдори давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид.

Дар оғоз барои ҳамаи иштирокчиёни чорабинӣ  ба муносибати ҷашнҳои зикршуда туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

Зимни гузаронидани чорабинӣ аз ҷониби меҳмонони фахрӣ ба 21 нафар иштирокчиёни даври ниҳоии озмун Ифтихорномаҳо, ба 9 нафар ғолибони озмун дар 3 гурӯҳи синнусолӣ Дипломҳо ва ҷоизаҳои пулӣ ва инчунин ба 9 нафар омӯзгорони ғолибони озмун Сипосномаҳо ва ҷоизаҳои пулӣ тақдим карда шуданд.

Дар анҷом барои иштирокчиёни чорабинӣ барномаи ҷолиби консертӣ, ки аз ҷониби ҳунармандони навраси Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе омода шуда буд, пешниҳод карда шуд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор