Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти  Суғд бахшида ба «Даҳаи ҳуқуқи инсон» санаи 8 декабри соли равон дар факултаи «Хуқуқшиносӣ» - и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Роҳбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд – Ҳабибахон Ҳамидова, декани факултаи «Хуқуқшиносӣ»-и ДДҲБСТ – Тоҷибоев Ш.А., дотсентон, номзадҳои илми ҳуқуқ, омӯзгорони факулта ва донишҷӯёни фаъол иштирок намуданд.

Ҳ.Ҳамидова дар мавзӯи «Нақши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд» баромад намуда, инчунин дар бораи моҳият ва зарурияти  қабули «Эъломияи ҳуқуқи башар» аз ҷониби СММ 10 декабри соли 1948 ва нақши он дар такмили ҳуқуқу озодиҳои инсонро қайд намуд.

Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки ҷиҳати ҳифз ва пешбурди ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои судмандро бо мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ роҳандозӣ намуда, дар ин раванд як қатор корҳоро ба анҷом расонид. Аз ҷумла, ташкил ва гузаронидани машваратҳои ҳуқуқии сайёр дар вилояти Сугд  аз санаи 21 то 24 сентябри соли равон дар шахрҳои Хуҷанд, Гулистон, Конибодом ва Истаравшан бо иштироки шаҳрвандони муаммоҳои ҳуқуқӣ дошта ва мусоидат дар баррасии онҳо.

Сипас сухан ба декани факулта ва донишҷӯён дода шуд, ки барои таҳияи таклифу пешниҳодҳо бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани раванди ҳимоя, эҳтиром ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона карда шудаанд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор