Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Шурӯъ аз соли 1950 дар ҷаҳон ҳамасола санаи 10-уми декабр ҳамчун рӯзи ҳуқуқи инсон таҷлил карда мешавад. Зеро, ҳуқуқи инсон дастоварди умумии инсоният буда, халқҳои зиёд дар ташаккули он нақши муассир гузоштаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, тибқи муқаррароти Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамасола 10 декабр ҳамчун Рӯзи ҳуқуқи инсон ҷашн гирифта мешавад. Бо ин мақсад бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз 6-уми декабр дар доираи Ҳафтаи ҳуқуқи инсон як қатор чорабиниҳо гузаронида шуданд.

Аз ҷумла, санаи 10-уми декабр бо мақсади таҷлил аз Рӯзи ҳуқуқи инсон дар доираи як чорабинии сатҳи баланд Ҳафтаи ҳуқуқи инсон ҷамъбаст гардида, зимни баргузорӣ иштирокчиён дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ташвиқу тарғиб намуданд.

Қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гаштани худ, ҳуқуқи инсонро ҳамчун. арзиши, муҳими ҷомеаи демократӣ қабул карда, тамоми санадҳои асосии байналмилалии ҳуқуқи инсонро ба тасвиб расонид ва баҳри амалишавии онҳо корҳои зиёдеро ба анҷом расонида истодааст.

Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯро ба сифати арзиши олӣ эътироф намуда, муқаррар намуд, ки онҳо муайянкунандаи мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти конунгузор ва иҷроия буда, ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мешаванд.

Дар қонунгузории миллӣ тамоми ҳуқуқу озодиҳои асосӣ танзими ҳамаҷониба пайдо карданд. Давлат ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ, озодии сухан, ҳуқуқи муттаҳид шудан дар  иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ба моликият ва мерос, таҳсил, меҳнат, манзил, ҳуқуқ ба истироҳат ва ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайраро кафолат медиҳад.

Ислоҳоти институтсионалӣ, ки бо мақсади таҳким бахшидани механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон амалӣ карда мешаванд, дар рушди ҳуқуқи инсон нақши муҳим доранд. Яке аз қадамҳои устувори ҷумҳурӣ дар ин самт таъсис додани мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мебошад, ки дар фаъолияти худ баҳри рушди ҳуқуқи инсон чораҳои дахлдорро андешида истодааст.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор