Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Санаи 14  декабри соли равон дар Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вохӯрии кормандони масъули Дастгоҳи мақомот бо Гузоришгари вежаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдои одамон Сиобан Муллалли баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот кормандони мақомот оид ба корҳои анҷомдодаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар самти пешгирии савдои одамон ва мубориза бо он, ҳамкориҳои он бо Барномаи Рушди СММ, Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон, Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, санадҳои аз ҷониби Тоҷикистон батавсибрасонидашудаи байналмилалии самти мазкур, ҳамчунин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон», рафти иҷрои Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 маълумот доданд.

Ҳамчунин, масъалаҳои фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҷодаи фаъолияти гурӯҳи мониторингии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ вобаста ба пешгирии савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон, ба роҳ мондани ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии дар ин самт фаъолияткунанда, ҳамкориҳои минбаъда дар самти пешгирии савдои одамон ва баргузории чорабиниҳои иттилоотӣ, масъалаҳои таъмини ҳуқуқҳои шахсони дар муассисаҳои пӯшида ва қисман пӯшида нигоҳдошташаванда, бахусус, шахсони имконияташон маҳдуд (маъюбон), занон, кӯдакон мавриди муҳокима қарор гирифт.

Дар рафти сӯҳбат шарти зарурии пешравӣ дар самти пешгирии савдои одамон ва мубориза бо он, ки мутобиқгардонии фаъолияти мақомоту идораҳои дар ин самт фаъолияткунанда ва ҳамкориҳои байниидоравиро дарбар мегиранд, махсусан қайд карда шуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ  Гузоришгари вежаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдои одамон Сиобан Муллалли барои мулоқоти самимӣ ва идома додани ҳамкориҳои мутақобилаи судманд баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дар Тоҷикистон, бахусус ҷабрдидагони савдои одамон изҳори миннатдорӣ баён намуд.
                                                                                                                                                                
 

 Хадамоти матбуотии ВҲИ 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор