Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Яке аз самтҳои фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва ташвиқу тарғиби дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти эътироф, эҳтиром, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон тавассути васоити ахбори омма ба ҳисоб меравад.

Дар ин робита хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон фаъолияти муваффақ дошта, бо шабакаҳои телевизионӣ, радиоӣ ва матбуоти даврӣ ҳамкориҳои самарабахшро ба роҳ мондааст. Нақши сомонаҳои расмии мақомот низ дар ин самт муассир мебошад.

Самараи чунин заҳматҳо буд, ки барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар ин самт, саҳми арзанда дар ташвиқу тарғиби дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ Қодирӣ Суҳайлӣ Абдуҳафиззода, сардори шуъбаи ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо фармоиши Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардид.

С.Қодирӣ ҳануз аз соли 2011 фаъолияти худро ба ҳайси котиби матбуоти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон оғоз намуда дар ин давра роҳбарии хадамоти матбуотии мақомот ва вазифаи котиби масъули маҷаллаи «Ахбори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон»-ро ба уҳда дошт. Дар тули фаъолияти меҳнатии худ бо васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ ҳамкорӣ намуда, дар муаррифии дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташвиқу тарғиби сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон зиёда аз 70 баромади телевизионӣ ва радиоӣ намуда, дар матбуоти даврӣ беш аз 20 мақола чоп намудааст.

Роҳбарият ва ҳайати кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон С.Қодириро барои сазовор гардидан бо нишони «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» табрику таҳният гуфта, ба ӯ муваффақиятҳои беназир таманно менамоянд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор