Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

5 январи  соли 2022 дар мақомоти  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти мақомот дар соли  2021 маҷлиси ҷамъбастӣ баргузор  гардид.

Дар маҷлис Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон У. Бобозода, Намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Сафарализода З,   муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Бобоҷонзода, роҳбари Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Раҷабзода Ҳ,  роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон иштирок намуданд.

Нахуст У. Бобозода - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомот дар ин давра сухан ронда, қайд намуд, ки нишондиҳандаҳои фаъолияти мақомот дар муқоиса ба соли 2020 беҳтар гардидааст. Чунин раванд бояд идома дода шуда, дар самти амалисозии нақшаҳои дар мақомот амалишаванда чораандешӣ карда шавад.

 Ҳамчунин аз рӯи барнома ҳисоботи роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомот дар масъалаи қабул ва баррасии муроҷиатҳо, муросилоти аз дигар мақомот воридгардида, баррасии лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, иштироки кормандон  дар гурӯҳҳои корӣ, иштирок дар семинару конференсия ва мизҳои мудаввар, гузаронидани мониторингу санҷишҳо, баромад дар ВАО ва дигар масъалаҳо шунида шуд.

Дар интиҳои маҷлис  фаъолияти  воҳидҳои  сохтории  мақомот ва кормандони он  мавриди таҳлил ва муҳокима  қарор гирифта, аз ҷониби роҳбарият  ҷиҳати тақвият додани корҳо дар  соли 2022  дастурҳои  мушаххас дода шуд.

 Хадамоти матбуотии  ВҲИ ҶТ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор