Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Роҳбарият ва ҳайати кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 6-уми январи соли ҷорӣ бо баргузор намудани мизи мудаввар паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021-ро шарҳу тавзеҳ доданд.

Чорабиниро Умед Бобозода - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, иброз намуданд, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамасола тамоми қишрҳои ҷомеа – намояндагони касбу кори гуногун бесаброна интизор мешаванд. Зеро, Паём сарчашмаи боэътимод, фарогири иттилоот ва маълумоти омории амиқу дақиқ, таҳлилу хулосарониҳои мантиқиву бебаҳс, дастуру супоришҳои ба ояндаи дурахшон ҳидояткунанда мебошад.

Дар Паём самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ватани азизамон – Тоҷикистон мавриди таҳлили амиқ, хулосабарорӣ, натиҷагирӣ ва ояндабинӣ қарор гирифта, аз амалишавии ҳадафҳои стратегӣ, рушди бемайлони тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва боз ҳам беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ мужда дода шуд.

Ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон яке аз мавзӯъҳои меҳварии Паёми имсола ба ҳисоб рафта, Пешвои миллат қайд намуданд : “Дар баробари таҳияву қабули қонунҳо риоя ва иҷрои қатъии онҳо низ муҳим мебошад, зеро риоя нагардидани талаботи қонун боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон, манфиатҳои давлату ҷомеа, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат, афзоиши ҷинояткорӣ ва бенизомӣ мегардад.”

Ҳамчунин, вобаста ба фаъолияти мақомоти судӣ Сарвари давлат таъкид намуданд, ки бояд вазифаҳои хизматиашонро бо масъулияти баланди касбӣ иҷро карда, баррасии саривақтӣ, ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи парвандаҳои судиро ба роҳ монда, қарорҳои қонуниву асоснок қабул намоянд ва ба ин васила ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ташкилоту муассисаҳоро таъмин созанд.

Аз ин лиҳоз, самтҳои дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироагардида бо ҳам алоқаманд буда, якдигарро пурра намуда, дар маҷмӯъ ба амалисозии яке аз ҳуқуқҳои муҳимми инсон – таъмини зиндагии шоистаи мардуми шарифи Тоҷикистон нигаронида шудаанд.

Дар ҷараёни мизи мудаввар паҳлуҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби масъулини мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таҳлил, баррасӣ ва шарҳу тавзеҳ дода шуданд. 

Қайд карда шуд, ки бо дарназардошти дастуру супоришҳои Пешвои миллат мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бояд фаъолияташро тақвият бахшида, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандона ва иқдомҳои наҷибонаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми нерӯ ва имконотро сафарбар намояд.

Зимни баромад махсусан таъкид гардид, ки давлат муносибатҳои ҷамъиятиро маҳз  тавассути қонунҳо ба танзим медарорад ва қонунҳо ҳамчун  ҳуҷҷати  дорои  қувваи  баланди ҳуқуқӣ муносибати байниҳамдигарии  одамонро  ба танзим медароранд.

Барои он ки  қонунҳои босифат қабул карда шаванд, зарур аст, ки  тамоми мушкилиҳои мавҷуда дар самти  раванди  ҳуқуқэҷодкунӣ ва фаъолияти назорати иҷрои қонунҳо мавриди  таҳлил ва хулосабардорӣ қарор дода шаванд.

Дар охир роҳбарияти мақомот аҳаммияти Паёми Президентро муҳим арзёбӣ намуда, таъкид намуданд, ки ҳар як хизматчии давлатӣ дар иҷрои нуктаҳои асосии он саҳмгузор бошад.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор