Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Санаи 8 феврали соли 2022 тибқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Умед Бобозода бо Роҳбари Намояндагии Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба кор бо гурезаҳо, Мулугета Зевди мулоқот доир намуданд. Дар вохӯрӣ ҳамчунин сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ Ашуров М. ва ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Салихов З. иштирок доштанд.

Ҷонибҳо, зимни вохўрӣ оид ба ҳамкориҳои бисёрҷабҳа миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба кор бо гурезаҳо дар самти амалинамоии ташаббусҳои ҷорӣ, ҳамчунин амалӣ намудани нақашҳои мавҷудаи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба кор бо гурезаҳо мулоқот доир намуданд. Хусусан аз ҷониби У. Бобозода қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар самти риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла таъмини риоя, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи гурезаҳо, шахсони паноҳҷӯянда ва шахсони бешаҳрванд пайваста талош меварзад ва дар ин робита саҳми мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ назаррас аст.

Маврид ба қайд аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷистон таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун яке аз аввалин кишварҳо дар Осиёси Марказӣ ба Конвенсияи СММ оид ба мақоми гурезаҳо аз соли 1951 ва дигар созишномаҳои марбут ба самти мазкур ҳамроҳ шудааст.

Роҳбари Намояндагии Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба кор бо гурезаҳо, Мулугета Зевди иқдоми мазкурро назаррас арзёбӣ карда, изҳор намуд, ки ин талошҳо барои пешрафту рушди ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим аст.  

Зимни вохўрӣ У. Бобозода инчунин оид ба фаъолияти мақомот суханронӣ намуда, қайд карданд, ки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷиҳати таъмини манфиатҳои ҳуқуқу озодиҳои гурезаҳо шахсони паноҳҷӯянда ва шахсони бешаҳрванд бетараф набуда, дар самти мазкур як қатор корҳои дахлдорро анҷом додааст, аз ҷумла бино ба вайроншавии оммавии ҳуқуқи инсон дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон санаи 13 сентябри соли 2021, № 303-01/1 вокуниш нишон дод. Муроҷиати мазкур аз тарафи бархе аз кишварҳои хориҷи дуру наздик ҷонибдорӣ ёфта, ҷавобномаҳо ирсол гардиданд. Ҳамзамон дар самти ҳифзи ҳуқуқи гурезаҳо мақомот як қатор чорабиниҳои сатҳи давлатӣ ва дохилиидоравӣ баргузор намуда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар самти мазкур корҳои назаррасро анҷом дод.

Дар охири мулоқот Роҳбари Намояндагии Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба кор бо гурезаҳо аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пазироии самимӣ ва идома додани ҳамкориҳои мутақобилаи судманд баҳри риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, махсусан гурезаҳо, шахсони паноҳҷӯянда ва шахсони бешаҳрванд дар Тоҷикистон ва тақвият додани ҳамкориҳои тарафайн изҳори миннатдорӣ намуд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор