Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

23 феврал Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба 27-солагии таъсиси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Узбекистон (Омбудсмен) дар мавзӯи «Ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии инсон – арзиши олии давлат ва ҷомеа» бо иштироки ваколатдорони мамлакатҳои хориҷӣ, аъзои Парлумон ва сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Узбекистон, инчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки тариқи маҷозӣ сурат гирифт, иштирок намуда, дар мавзӯи «Механизми миллии превентивии ҳуқуқи инсон: амалияи кишвари Тоҷикистон» маърӯза намуд.

Тавре дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Умед Бобозода хусусан оид ба сиёсати имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳои шахсоне, ки дар муассисаҳои пӯшида ва қисман пӯшида қарор доранд, мавқеи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳимояи ҳуқуқҳои шахсони зикргардида сухан гуфта, якчанд тавсияҳо пешниҳод намуд.

Конференсия чор қисматро дар бар гирифта, дар он масоили мубодилаи амалияи беҳтарини байналмилалӣ ва миллии кишварҳо дар самти ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи ҷавонон, шахсони дорои маъюбият ҳамчун гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, шахсони дар муассисаҳои пенитенсиарӣ нигоҳдошташуда ва дурнамои рушди механизми миллии превентивии кишварҳо мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Аз сомонаи АМИТ "Ховар"

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор