Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Санаи 5 марти соли ҷорӣ дар мақомоти  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо иштироки роҳбарият ва кормандони мақомот бахшида ба «Рӯзи Модар» мизи мудаввар баргузор гардид.

Ба чорабинӣ Умед Бобозода - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшида, сараввал бонувони мақомотро бо иди Модарон табрик намуданд. Тазаккур дода шуд, ки мардуми соҳибфарҳанги мо аз қадимулайём ба қадру мартабаи волои модар арҷ мегузоранд ва ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми ӯ то ба имрӯз яке аз суннатҳои миллии мо ба шумор меравад. Дар ин росто хизматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба қадру қиммат ва эҳтироми зан-модар ҳамчун сарчашмаи зиндагӣ, бузургтарин ва муқаддастарин инсон, нахустустоди инсоният бениҳоят бузург аст. Ин нуктаҳо дар ҷаҳду талошҳои пайвастаи Сарвари давлат, дастуру супоришҳо, паёмҳои табрикотӣ ва суханрониҳояшон аз минбарҳои баланди сатҳи милливу байналмилалӣ, ҳангоми вохӯриҳо бо аҳли ҷомеа равшан ифода ёфтаанд.

Сипас Ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак Абдуллоев Б ва сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ Раҳматова Ш. дар мавзӯъҳои «Қадри модар» ва «Модар бузургу муқаддас аст» маърӯза намуданд. Дар маърўзаҳо қайд карда шуд, ки ниёгони соҳибилму бофарҳанги мо ба қадру қиммат ва эҳтироми модар, ҳамчун парвандаи арзишҳои волои умумиинсонӣ, ба монанди муҳаббат, дӯстӣ, адолатпешагиву ҳақталошӣ, тарбиятгари инсони поксиришту накӯкор, далеру шуҷоъ ва ватандӯсту ватанпарвар мерасиданд. Занон на танҳо дар қиссаву ривоятҳо, балки дар асл низ ҳамчун сарлашкари мулки худ буданд. Чунончӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо зиёиёни кишвар қайд намуданд: «Дар саҳифаҳои дурахшони таърихи миллатамон номҳои Гурдофарид,  Рухшона, Маликаи Бухорхудот, Робиаи Балхӣ, Зебуннисо ва садҳо модарону хоҳарони хирадманду фарзона, донишманду оқила, размандаву ҷасур бо ҳарфҳои зарин сабт шудаанд. Зеро кору пайкори онҳо то ҳанӯз намунаи ибрат, сабақи зиндагӣ, сазовори пайравӣ ва ифтихори миллати тоҷик мебошад».

Мо аз саҳифаҳои таърихи хеш хуб медонем, ки дар давраҳои гузашта занону модарон дар қатори мардон ба муқобили душман муборизаи беамон бурда, дар таъмини озодиву истиқлолият ва оромиву суботи сарзамини аҷдодиамон саҳми сазовор гузоштаанд. Маҳз ба ҳамин хотир барои мо мафҳумҳои Модар ва Ватан ҳаммаъно ва бисёр азизу муқаддас мебошанд.

 Бинобар ин ҷашни расмии давлатӣ эълон гардидани Рӯзи Модар яке аз иқдомҳои Ҳукумати кишвар баҳри боз ҳам баланд бардоштани мақоми зан – модар дар ҷомеа мебошад.

Зимни чорабинӣ ба бонувон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, У.Бобозода бори дигар онҳоро ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, ба аҳли хонаводаи ҳар яки онҳо бахту саодат, ободиву осоиштагӣ ва хушҳоливу хушрӯзиро таманно намуданд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор