Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Дар робита ба тасдиқ гардидани Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026 бо иқдоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 10 марти соли ҷорӣ бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, шарикони рушд, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар чорабинӣ мазмун ва муҳтавои Барнома муаррифӣ гардида, иштирокчиён оиди ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар раванди татбиқи Барнома мулоҳизаронӣ намуданд. Ҳамчунин дар фарҷоми чорабинӣ ҷаласаи якуми Шўрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ, ки аз ҳисоби намояндагони мақомоту идораҳои дахлдор ҷиҳати ҳамоҳангии татбиқи Барномаи мазкур дар назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъсис дода шудааст, баргузор гардид.

Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон ҷиҳати амалисозии самараноки яке аз самтҳои муҳими фаъолити Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, шаклҳо ва воситаҳои ҳифзи он мусоидат менамояд.

Бо мақсади иҷрои самараноки ин вазифаҳо, дар доираи гурўҳи кории байниидоравӣ ва бо ташаббуси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026 таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021, №565 қабул гардид.

Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026 бо дарназардошти марҳилаи чоруми Барномаи умумиҷаҳонии таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2020-2024 такмил дода шуда, дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқи талаботи қонунгузории миллӣ ва санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, таҳия шудааст.

Барнома низоми таълимро дар марҳилаи нави рушди ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият дода, барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва фарҳанги ҳуқуқии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, тақвият додани донишҳои касбии кормандони соҳаи маориф, судяҳо, хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ, ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин ҷавонон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма дар соҳаи ҳуқуқи инсон мутобиқи меъёрҳои қонунгузории миллӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ равона шудааст.

Лозим ба ёдоварист, ки ин барномаи дуюм дар ин самт ба ҳисоб меравад. Зеро панҷ сол муқаддам тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012, №678 Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020 тасдиқ гардида, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози фаъолияти вазорату идораҳо дар ин самт таъйин гардида буд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон итминон дорад, ки амалисозии Барнома ҷиҳати боз ҳам баланд гардидани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон мусоидат менамояд.

Хадамоти матбуоти

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор