Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Санаи 14 марти соли 2022 тибқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Умед Бобозода бо роҳбари нави Намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид  дар Тоҷикистон  ҷаноби Ленни Монтиел вохурӣ анҷом дода, доир ба паҳлуҳои мухталифи масъалаҳои ҳуқуқи инсон мулоқот намуд.

Мақсад аз баргузории вохӯрӣ муҳокимаи имконоти минбаъдаи ҳамкориҳо ва мусоидат баҳри густариши фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Зимни мулоқот, Умед Бобозода ба ҷаноби Ленни Монтиел оид ба фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, хусусан самтҳои афзалиятноки Стратегияи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон маълумоти муфассал дода, қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар самти риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон пайваста талош мекунад ва дар ин робита саҳми мақомоти Ваколатдор  оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ назаррас мебошад.

Ҷаноби  Ленни Монтиел низ қабули эҳтиромонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Умед Бобозодаро хуб пазируфта, сипосгузории худро байён кард.

Зимни вохӯрӣ суханрониҳо вобаста ба самтҳои ҳамкории байни мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар доираи таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, шиносоӣ бо ислоҳоти низоми СММ, ба итмом расидани давраи дуюми лоиҳаи “Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судӣ бо мақсади рушди имконоти одамон дар Тоҷикистон” ва инчунин идомаи ҳамкориҳо дар давраи сеюми амалишавиии лоиҳаи мазкур,  доир ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тавсияҳои давлатњои аъзои Шўрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар доираи Шарҳи Универсалии Даврӣ ва дигар самтҳои муҳим анҷом дода шуд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ ҷиҳати тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати кишвар роҳандозишуда оид ба иқдомоти саривақтӣ ва самарабахши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи назаррас арзёбӣ карда, изҳор намуданд, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафту рушди ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмин ва ҳифзи ҳуқуқи инсон ва дар ин љода пайваста талош ва саҳм гузоштани Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар самти риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон муҳим аст.

Дар фарҷоми мулоқот ҷаноби  Ленни Монтиел ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пазироии самимӣ ва идома додани ҳамкориҳои мутақобилаи судманд баҳри риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуд. 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор