Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин озмун эълон менамояд:

 

  • Ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - 1 ҷой ,  маоши мансабӣ 3174,00 сомонӣ.
  • Роҳбари намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Вилояти Хатлон - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1246,00 сомонӣ.
  • Мутахассиси  пешбари Шуъбаи ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  1 ҷой, маоши мансабӣ 1242,00 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансабҳои мазкур

Ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабии маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 5 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
  • дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор;
  •   малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ  ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ
  • донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва як забони хориҷӣ;
  • донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон;
  • кор карда тавонистан бо компютер;
  • қобилияти таҳлили қонунгузории мавҷуда ва амалияи татбиқи онҳо,таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёри ҳуқуқӣ;
  • доштани қобилияти таҳрири маводҳо ва ҳуҷҷатҳо,таҷрибаи кор бо расмиёти кории ниҳодҳои байналмиллалии ҳимояи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ;

 

Роҳбари намояндагии  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар  Вилояти Хатлон

  •  таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабии маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ;
  • дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор бо тобеон;
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ  ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
  • донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва як забони хориҷӣ;

 

Мутахассиси  пешбари Шуъбаи ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабии маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • 1 сол собиқаи умумии  меҳнатӣ;
  • донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва як забони хориҷӣ;
  • донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон;
  • кор карда тавонистан бо компютер.

Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда:

  • ариза ба унвони роҳбари мақомот;
  • варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 адад акси 3х4;
  • тарҷумаи ҳол;
  • нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ;
  • нусхаи шиноснома;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
  • маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулкӣ;
  • маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ;
  • дигар ҳуҷҷатҳо дар мавридҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ.

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

734023,  шаҳри Душанбе, кӯчаи Бохтар -10, тел: 221-47-87

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри эълон.

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор