Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Санаи 25 марти соли 2022 корманди Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуров Муқим дар конференсияи минтақавии намояндагони адолати суди ҷиноятӣ, ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, ширкат намуд.

Дар конференсия намояндагони кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, аз ҷумла, омбудсменҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ширкат доштанд.

Мавзӯи конференсия ба истифодаи чораҳои алтернативии маҳрумӣ аз озодӣ, инчунин нақши омбудсменҳо дар ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони аз озодӣ маҳрумшуда бахшида шуд.

Дар конференсия аз ҷониби Тоҷикистон намояндаи Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Зимни баргузории конференсия масъалаҳои таҷрибаи байналмилалии истифодаи чораҳои алтернативии маҳрумӣ аз озодӣ, истифодаи чораҳои алтернативии маҳрумӣ аз озодӣ аз ҷониби судҳо, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ресотсиализатсия ва реинтегратсияи маҳкумшудагон, нақши ниҳоди Омбудсмен дар ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шахсони аз озодӣ маҳрумшуда, нақши ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ дар ресотсиализатсия ва реинтегратсияи маҳкумшудагон мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуданд.

Дар охир, таҷрибаи иштирокчиёни конференсия ҷамъбаст гардида, вобаста ба беҳтар намудани фаъолият дар самти масъалаҳои муҳокимашуда тавсияҳои дахлдор пешниҳод шуданд.

Хадамоти матбуотии  ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор