Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

25 май Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак Бобоҷонзода М. ва сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Ашуров М. дар машварати солонаи дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки тариқи ҳузурӣ дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ширкат намуданд.

Ҳамчунин, дар машварат намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Прокуратураи генералӣ, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иштирок намуданд.

Мавзӯи машварат ба муҳокимаи масъалаҳои ченаки инсонӣ, аз ҷумла, таҳсил, саломатӣ, ҳуқуқи инсон, озодии дин, савдои одамон ва дигарҳо бахшида шуд.

Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак Бобоҷонзода М. вобаста ба масъалаҳои ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар самти пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳкими муносибатҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо созмонҳои байналмилалӣ, фаъолият дар самти пешгирии шиканҷа, озодии сухан, ВАО, ҳимояи гурезаҳо, дастрасӣ ба таҳсил, ҳуқуқи маъюбон ва дигарҳо баромад намуд.

Дар охир, вобаста ба беҳтар намудани фаъолият дар самти масъалаҳои муҳокимашуда тавсияҳои дахлдор пешниҳод шуданд.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор