Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Тибқи Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 санаҳои 18-20 май соли ҷорӣ кормандони Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷиҳати муайян намудани дастрасии шахсони дорои маъюбият ба биноҳои инфрасохторӣ дар ҳудуди ноҳияи Нуробод мониторинг баргузор намуданд.

Мониторинги мазкур биноҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод, суд, прокуратура, ШВКД, шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, нозироти андоз, шуъбаи молия, нотариус, САҲШ, филиали «Амонатбонк», марказҳои савдо, дорухонаҳо, роҳҳои пиёдагарди маркази ноҳия ва дигарҳоро дар бар гирифт.

Маркази ноҳияи Нуробод навбунёд буда, биноҳои инфрасохтории он аз соли 2009 ба истифода дода шудаанд. Натиҷаи мониторинг нишон дод, ки биноҳои навсохти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод, суд, прокуратура, ШВКД, САҲШ, шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, нозироти андоз, шуъбаи молия, нотариус, филиали «Амонатбонк», марказҳои савдо, дорухонаҳо ва роҳҳои пиёдагарди маркази ноҳия ба талаботи дастрасии маъюбон тибқи қонунгузории амалкунанда, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Меъёру қоидаҳои шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пуррагӣ мутобиқат намекунанд.

Кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳангоми гузаронидани мониторинги биноҳои инфрасохтории зикршуда бо роҳбарони ин мақомотҳо сўҳбат намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва мутобиқ гардонидани дастрасии маъюбон тибқи талаботи қонунгузорӣ тавсияҳо доданд.

Ҳамчунин зимни сафари корӣ кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Нуробод, ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони ноҳия вохўрӣ баргузор карданд. Зимни вохўрӣ масъалаҳои оид ба фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, ҳуқуқҳои маъюбон, аз ҷумла таъмини шуғли маъюбон, дастрасии бемамониати онҳо ба иншооти инфрасохторӣ ва воситаҳои нақлиёт, таҳсилоти маъюбон, ҳуқуқи онҳо ба таъминоти иҷтимоӣ ва дигар имтиёзҳои онҳо баррасӣ гардиданд. Кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба саволҳои иштирокчиён посухҳои мушаххас доданд.

Иштирокчиён пешниҳод намуданд, ки чунин вохўриҳо аз ҷониби кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон пайваста гузаронида шаванд, зеро ин барои ҳалли мушкилоти вобаста ба ҷанбаҳои гуногуни ҳуқуқи инсон ба кормандони мақомоти маҳаллӣ кўмак мерасонад.    

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор