Рўзи 17 июни соли 2022 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Намояндагии раёсати Комиссари Олии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии “Инсон ва Адолат” бахшида ба «Рўзи байналмилалии гурезаҳо» мизи мудаввар доир намуданд.
Дар мизи мудаввар намояндагон аз Вазоратҳои корҳои дохилӣ, хориҷӣ, адлия, Қўшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рўдакӣ иштирок намуданд.
Маърўзачиён тибқи Барнома дар мавзўҳои «Ваколатҳои РКОГ СММ дар ҶТ ва нақши он дар ҳифзи ҳуқуқи гурезаҳо дар ҶТ», «Нақши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҳимояи ҳуқуқи гурезаҳо дар ҶТ» «Асосҳои ҳуқуқӣ ва масоили дастрасӣ ба паноҳгоҳ дар ҶТ», «Масоили ѓайриқонунӣ гузаштани сарҳади давлатӣ ва истифодаи ҳуқуқи паноҳгоҳи сиёсӣ тибқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон » ва «Мушкилотҳои мубрами ҳуқуқи гурезаҳо ва такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гурезаҳо» баромад намуданд.
Дар рафти мизи мудаввар бештар ба масъалаҳои ҳуқуқҳои гурезагон, ёфтани роҳи ҳал нисбати паноҳҷўяндагон ва расонидани кўмак ба онҳо диққат дода шуд.
Хадамоти матбуотии ВҲИ