Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Имрӯз, дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо иштироки роҳбарият ва кормандони мақомот ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ  мизи мудаввар баргузор гардид.

Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак Бобоҷонзода М. мизи мудавварро оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати ин санаи муҳим ва дастоварди бузурги миллат шодбош гуфтанд.  Иброз гардид, ки 27 - июни соли 1997 ҳамчун, санаи рӯйдоди муҳими таърихӣ дар ҳаёти миллати тоҷик,  ба ҳисоб рафта, аз таҳамулпазирию сулҳхоҳӣ ва инсондустию ояндаи дурахшони ин миллат башорат медиҳад.  Бо талошҳои бесобиќаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-июни соли 1997 дар шаҳри Масква «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» ба имзо расид.  Дар иртибот ба ин муносибат ҳамасола санаи 27 - июн  дар кишвар Рӯзи Ваҳдати миллӣ  таҷлил карда мешавад.

Дар мизи мудаввар Раҳматова Ш. – сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи Ваколатдор оид баҳуқуқи инсон дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ-Рӯзи сарҷамъии халқи  Тоҷикистон» маърӯза намуд. Дар маърӯза маълумот дода шуд, ки, дар таърихи муосири давлатдории миллии тоҷикон, падидаи ваҳдати миллӣ дар самти ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои рушди устувори ҳокимияти давлатӣ инъикоси моҳияти демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кафолати конститутсионии эътироф, риоя ва ҳифз гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши муҳим бозидааст. 

Дар ҷамъбасти чорабинӣ муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кудак Бобоҷонзода М. бори дигар ҳозиринро ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ  шодбош гуфта, зикр сохт, ки арҷгузорӣ ба ин падидаи муҳим ва дастоварди беназир  вазифаи ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор