Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд аҳамияти махсус медиҳад. Аз ҷумла, ба ҳамкориҳо бо ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсони минтақа ва кишварҳое, ки бо Тоҷикистон робитаҳои дипломатӣ барқарор намудаанд таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад.

Дар ин робита дар доираи баргузории Форуми I-уми омбудсменҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки 28 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, маросими ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдори Олий Межлиси Ҷумҳурии Узбекистон сурат гирифт.

Дар Форум намояндагони ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Бинобар расман дар кори Форум ширкат карда натавонистан У.Бобозода - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сабти видеоӣ таманниёт ва ҷонибдории худро ба иштирокчиён ва натиҷаҳои Форум иброз доштанд.

Дар Форум масъалаҳои муҳиммияти ҳифз ва пешбурди ҳуқуқҳои занон ва кӯдакон, ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб ва таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ нигоҳдошташаванда баррасӣ гардиданд.

Бо намояндагӣ аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар кори Форуми I-уми омбудсменҳо С.Қодирӣ – сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак иштирок ва дар мавзӯи “Ҳифзи ҳуқуқҳо ва таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон” маърӯза намуд.

Дар анҷоми Форум Эъломияи Тошканд қабул гардид, ки идома додани фаъолияту ҳамкориҳои мутақобиларо дар самти эҳтиром, эътироф, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон дар минтақаи Осиёи Марказӣ пешбинӣ менамояд.

 

Хадамоти матбуоти ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор