Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар рӯзи охирини сафари кории худ ба Конфедератсияи Швейтсария дар шаҳри Женева бо ҷаноби Ҷорҷе Арая - Котиби Кумитаи Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқҳои шахсони дорои маъюбият вохӯрии судманд анҷом дод.

Зимни вохӯрӣ сараввал ҷаноби Ҷорҷе Арая дар бораи фаъолияти Кумита оид ба ҳуқуқҳои шахсони дорои маъюбият иттилоъ дод.

Баъдан У. Бобозода дар бораи дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдошта гуфта гузашта, аз ҷумла қайд кард, ки ба имзо расидани Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2018 қадами аввалин ва муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мазкур буда, ҷиҳати ба тасвиб расидани ин санади муҳими байналмилалӣ корҳо бо маром идома доранд.

Инчунин, қайд гардид, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин самт корҳои назаррасро анчом дода, гузаронидани санҷишу мониторингҳо ва корҳои иттилоотониро пайваста тақвият медиҳад.

Ҷаноби Ҷорҷе Арая ба изо расидани Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба хушӣ пазируфта, пешниход намуд,  ки Кумитаи онҳо омодааст ҳам бо гурӯҳи кории ҳукуматӣ ва ҳам бо мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории судмандро ба роҳ монад.

Инчунин, ҷаноби Ҷорҷе Арая аз Умед Бобозода даъват ба амал овард, ки дар муколамаи омбудсменҳои ҷаҳон, ки ҳамасола дар самти ҳуқуқи шахсони маъюбиятдошта мегузарад, бо маърӯза иштирок намояд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор