Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Соҳибистиқлолӣ барои халқи Тоҷикистон рўйдоди муҳим ва тақдирсоз мебошад. Ин падида дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти халқи тоҷик оғози гардиши куллӣ ва марҳалаи сифатан нави рушд гардид.

 

Дар ин марҳила, пеш аз ҳама бо роҳбарӣ, заҳмату талоши Сарвари давлати Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохти конститутсионӣ барқарор гардид, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима дода шуд, сулҳу ваҳдати миллати тоҷик ба даст омад, таъриху фарҳанги мо эҳё гардид, давлатдории демократию ҳуқуқбунёд, дунявию иҷтимоӣ бунёд гардид ва рушди устувори иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангию сиёсӣ таъмин гардид.

Истиқлолият ва мавҷудияти аркони давлатдорӣ ба Тоҷикистон имкон дод то дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардад ва ташаббусҳои Роҳбари давлат дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди таваҷуҳ қарор гирифта, ҳамовозию дастгирӣ ёбанд.

Тоҷикистон аз ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ бо назардошти манфиатҳои халқаш ва эҳтироми ҳуқуқи байналмилалӣ, марҳила ба марҳила санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро ба имзо расонид ва қонунгузории худро ба онҳо мутобиқ намуд.

Самараи сиёсати хирадмандона ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки халқи тоҷик соҳибдавлат гардида, бо таъриху тамаддуни оламшумули хеш мавқеи хосро дар ҷаҳон пайдо кард.

Бо истифода аз имкони муносиб, роҳбарият ва ҳайати кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихору шарафмандӣ кулли мардуми азизи Тоҷикистонро ба муносибати 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният менамояд.

Бигзор Истиқлолияти давлатии Ватани азизамон – Тоҷикистон ҳамеша пойдор ва дар сарзаминамон сулҳу амонӣ ҳукмфармо бошад.

 

Бо эҳтиром,

роҳбарият ва ҳайати

кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор