Супоридани мукофоти давлатӣ ба муносибати 31- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар арафаи таҷлили 31- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 сентябри соли 2022 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани мукофоти давлатӣ баргузор гардид.
Тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2022, №417 Бобохонзода Саидалӣ Сангинмурод – муовини сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба мукофоти давлатии медали Хизмати шоиста сарфароз гардонида шуд.
Дар робита ба ин, дар чорабинии мазкур Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон муовини сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Саидалӣ Бобохонзодаро табрик гуфта, дар вазъияти тантанавӣ ба ў мукофоти давлатии медали Хизмати шоистаро тақдим намуд.
Хадамоти матбуотии ВҲИ