Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Мулоқот бо мушовир оид ба ҳуқуқи инсони Дафтари ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода санаи 13 сентябри соли 2022 бо мушовир оид ба ҳуқуқи инсони Дафтари ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Павло Биялик вохурӣ анҷом дода, доир ба паҳлуҳои гуногуни ҳуқуқи инсон мулоқот намуд.

Мақсад аз баргузории вохӯрӣ муҳокимаи имконоти минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти ҳуқуқи инсон ва мусоидат баҳри густариши фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқатии он ба Принсипҳои Париж, тақвияти ҳамкориҳо оид ба иҷрои тавсияҳои дар доираи механизми Шарҳи универсалии даври (даври сеюм) нисбати Тоҷикистон, дастгирии татбиқи лоиҳаҳои амалишаванда, ҳамонҳанг намудани ҳамкориҳо барои солҳои минбаъда ба ҳисоб меравад.

Сараввал, ҷонибҳо масъалаҳои мубрами самти ҳуқуқи инсонро мавриди муҳокима қарор доданд, ки бештари онҳо ба таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дар давраи паҳншавии бемориҳои сироятӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои шахсони маъюб, ҳифзи ҳуқуқҳои занон ва духтарон, доир ба самтҳои ҳамкории байни мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар доираи таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, шиносоӣ бо ислоҳоти низоми СММ, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар доираи Шарҳи Универсалии Даврӣ ва дигар самтҳои муҳим дахл доштанд.

Зимни мулоқот, Умед Бобозода ба Павло Биялик оид ба фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, хусусан самтҳои афзалиятноки Стратегияи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон маълумоти муфассал дода, қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар самти риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон пайваста талош мекунад ва дар ин робита саҳми мақомоти Ваколатдор  оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ назаррас мебошад.

Дар идомаи вохӯрӣ, ҳамчунин, масъалҳо вобаста ба ҳамроҳшваии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор шартномаҳои байналмилалии дар самти ҳуқуқи инсон қабулгардида ва мавриди тасдиқ (ратификатсия) қарор додани онҳо аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили, ба имзо расидани Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи маъюбон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Протоколи иловагӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқирқунандаи шаъну шараф ва монанди инҳо мавриди баррасии тарафайн қарор гирифтанд.

Вақолатдор оид ба ҳуқуқи инсон У. Бобозода вобаста ба масъалаҳои фавқуззикр қайд намуд, ки дар доираи ҳамкориҳо бо дигар мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гурӯҳҳои корӣ ташкил карда шуда, дар доираи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин гурӯҳҳои корӣ ба амал бароварда мешаванд ва аллакай корҳои мушаххас дар ин самт анҷом дода шудааст.

Мушовир оид ба ҳуқуқи инсони Дафтари ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Павло Биялик пайваста талош ва саҳм гузоштани Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар самти риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дар сатҳи назаррас арзёбӣ намуданд.

Дар фарҷом ҷонибҳо аз ҳамдигар барои пазироии самимӣ ва пешниҳоди маълумотҳои муфассал доир ба самтҳои зикргардида изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки минбаъд низ ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар ҷодаи таъмини ҳифзи ҳуқуқи инсон тақвият медиҳанд.

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор