Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Умед Бобозода даъват кард, ки ба ҳодисаҳои охир бо чашми ҳақиқат ва аз рӯи воқеият баҳо дода шавад

Мо чун ниҳоди миллии ҳифзи ҳуқуқи инсони Тоҷикистон бо такя ба иттилои расмӣ ҷиҳати қурбон шудани одамон дар ин низоъ (41 нафар кушташуда аз ҷониби Тоҷикистон) аз созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон ва коршиносони  сатҳи ҷаҳонӣ даъват менамоем, ки ба ҳодисаҳои охир ба чашми ҳақиқат ва аз рӯи воқеият баҳо гузоранд, чунки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ба таври осоишта, бо роҳи гуфтушунидҳо ҳал намудани ҳама гуна баҳсҳо, хусусан баҳсҳои сарҳадиро дар мадди аввал мегузорад ва намегузорад, ки бо сиёсати иғвогаронаи баъзе шахсони мансабдори қирғиз аҳолии бегуноҳи осоишта ва сарҳадбонон қурбонӣ гарданд. Чунин изҳор доштааст ба АМИТ «Ховар» Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар робита ба ҳамлаи таҷовузкоронаи Қирғизистон.

Ӯ ёдовар шуд, ки дар амалиёти таҷовузкоронаи мусаллаҳонае, ки аз 14 то 17 сентябр дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон аз ҷониби низомиёни Қирғизистон сурат гирифт, ҳаёти афсарону аскарон, гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа, аз ҷумла занону кӯдакон ва пирону маъюбонро зери хатар монд.

Мавсуф зикр намуд, ки ҳама гуна муноқиша, махсусан муноқишаҳои мусаллаҳона миёни давлатҳо, пеш аз ҳама, барои инсонҳо фоҷеа буда, дар ин раванд ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳаёт ва  саломатӣ ва дигар ҳуқуқҳои бунёдии шаҳрвандон поймол мегарданд.

«Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори тариқи гуфтушунид ва бо роҳҳои дипломатӣ ҳал намудани муноқишаи сарҳадӣ буда, барои ҳалли мусолиҳатомези масъалаҳои сарҳадӣ пайваста талош мекунад. Даъватҳои чандинкаратаи ҷониби Тоҷикистон оид ба оташбас бенатиҷа монда, ҷониби Қирғизистон аз роҳи ҳалли қазия тариқи гуфтушунид сарпечӣ намуда, муноқишаҳои мусаллаҳонаро идома дод. Тавре аз иттилоияи маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд,  танҳо субҳи 16 сентябр ду маротиба ба оташбаси якҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низомиёни қирғиз бо оташкушоии пуршиддат аз тамоми намудҳои силоҳ ба ҷониби нуқтаҳои аҳолинишин посух доданд»,- иброз дошт Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон..

Ин аз он дарак медиҳад, ки ҷониби Қирғизистон ғайр аз риоя накардани шартҳои оташбас кулли санадҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла, принсипҳои бунёдии ҳуқуқи байналмилалӣ, ки дар як маврид онҳо дар Оиномаи СММ ба ҳайси принсипҳои асосӣ ҷой дода шудаанд, гузашта аз ин, Конвенсияи Женева аз соли 1949 ва дигар санадҳои ҳуқуқи байналмилалиро, ки узви онҳо мебошад, пайваста вайрон кардааст.

Ҳамчунин аз ҷониби Қирғизистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумоти беасос ва иғвоангезе паҳн гардида истодаанд, ки ба мураккабтар намудани вазъият дар хати сарҳади давлатии ду кишвар нигаронида шудаанд.

 

Аз сомонаи АМИТ «Ховар»

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор