Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи забон

Имрӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо иштироки роҳбарият ва кормандони мақомот ба муносибати Рӯзи забон мизи мудаввар баргузор гардид.

         Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон-Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак Бобоҷонзода М.  мизи мудавварро оѓоз намуда, ҳозиринро ба муносибати ин санаи муҳим шодбош гуфта, иброз намуданд, ки забон муҳимтарин унсури бақои миллат буда, оинаи рӯзгори гузаштаву ҳозира ва маҷмӯи тафаккуру андешаи халқ ба ҳисоб меравад ва яке аз арзишмандтарин сарчашмаҳои мероси гузаштагон барои наслҳои оянда арзёбӣ мегардад. Дар иртибот ба ин муносибат ҳамасола рӯзи 5-октябр дар кишвар Рӯзи забон таҷлил карда мешавад.

         Дар мизи мудаввар Машрабзода А.-сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар мавзӯи «Забон омили ҳастӣ ва бақои миллат» маърӯза намуд. Дар маърӯза маълумот дода шуд, ки забони тоҷикӣ дар тули таърих чандин марҳилаҳоро гузаронида, ҳамчун забони илму маърифат дар байни дигар забонҳо мавқеи хосса дорад.

Масъалаи забони давлатӣ ва тақвияту таҳкими мақоми он дар таърихи давлатдории навини тоҷикон яке аз масъалаҳои  аввалиндараҷа ба ҳисоб рафта,  пайваста дар маркази диққати  Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Забони давлатӣ дар Тоҷикистон зери ҳимояву пуштибонии бевоситаи давлат қарор дошта, барои рушду пешрафти он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишвар ҳамаи шароиту имкониятҳо фароҳам оварда шудааст.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати маорифпарваронаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ мақоми давлатиро гирифт. Ҳар як халқу миллатро бо забону фарҳанг ва шахсиятҳои бузургаш мешиносанд. Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид бо забони шевою оламгири тоҷикӣ сухан гуфтанд, ки ин бори дигар бузургии миллату давалат, мақоми баланд доштани забони тоҷикӣ ва пуштибони забону фарҳанги миллати тоҷик будани  сарвари давлат мӯҳтарам Эмомлӣ Раҳмонро нишон медиҳад.

          Бинобар ин, вазифаи муқаддаси ҳар як фарди тоҷик аст, ки анъанаҳои неки ниёгон, забону фарҳаги худро донад, ҳимоя кунад ва наслҳои ояндаро дар роҳи рост, донистани забону фарҳанг  таълиму тарбия намояд. Зеро забон  омили ҳастӣ, бақои миллат аст, забону модар ва ватанро ҳамавақт бояд азиз дошт.

         Дар ҷамъбасти чорабинӣ муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон-Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак Бобоҷонзода М.  бори дигар ҳозиринро ба муносибати  Рӯзи забон шодбош гуфта, зикр намуд, ки мо забонамонро дӯст дорем, барои ҳифзи он талош варзем ва ба хотири ѓанӣ гардонидани ин забони ширину шево тамоми нерӯи зеҳниро сафарбар карда, рушди бемайлони онро таъмин намоем.

                                                                    

                                                                             Хадамоти матбуоти ВҲИ ҶТ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор