Сафари кории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияҳои Рашт, Нуробод ва Файзобод
Санаи 12-15 октябри соли ҷорӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода, муовини сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ Саидалӣ Бобохонзода ва ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Абдуллоев дар доираи амалисозии муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва таҳти ҳидоят ва сиёсати ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади қабули шаҳрвандон ба ноҳияҳои Рашт, Нуробод ва Файзобод сафари корӣ анҷом доданд.
Зимни ин сафар дар ноҳияҳои номбурда аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон У. Бобозода қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шуд. Дар ноҳияи Рашт 10 нафар, дар ноҳияи Нуробод 11 нафар ва дар ноҳияи Файзобод 6 нафар шаҳрвандон аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон қабул карда шуданд. Аз натиҷаи қабули шаҳрвандон, маълум гардид, ки аҳолӣ бештар бо проблемаҳои гуногуни ҳуқуқи инсон, аз ҷумла баҳсҳои оилавӣ, тақсимоти молумулки муштарак, ҳуқуқ ба манзили истиқоматӣ, ҳуқуқ ба манзили шахсони дар минтақаи зериобшавандаи Роғун, ҳуқуқ ба замин, масъалаи зӯроварӣ дар оила, масъалаи саркашӣ аз супоридани алимент, норозигӣ аз ҳалномаҳои суд, мурофиаи одилонаи судӣ, ҳуқуқ ба сатҳи кофии зиндагӣ, ҳуқуқ ба дидорбинии кӯдакон, баҳси чарогоҳ миёни аҳолӣ ва ҳоҷагиҳои деҳқонӣ ва ғайраҳо ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиатҳои шифоҳӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки вобаста ба масъалаҳои зикргардидаи ҳуқуқи инсон дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод ва Файзобод аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода ба шахсони муроҷиаткунанда машварат ва тавсияҳои ҳуқуқӣ дода шуд, инчунин баъзе аз муроҷиатҳои шаҳрвандон бо мусоидат бо кормандони мақомоти маҳалӣ ҳалли худро ёфтанд.
Ҳамзамон У. Бобозода иброз доштанд, ки ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидан ба таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон тасмим гирифтааст, ки минбаъд барои ҳалли мушкилоти ҳуқуқи инсон чораҳои дахлдорро роҳандозӣ намояд.
Дар шаҳру ноҳияҳои мазкур аз ҷониби намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва шаҳрвандон пешниҳод гардид, ки минбаъд гузаронидани қабули шаҳрвандон аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои дурдаст, ки дасртарсии баъзе аз шаҳрвандон барои муроҷиат ба мақомоти маркази мушкил аст, ҷиҳати иттилоотонӣ ва баланд бардоштани маърифатнокии ҳуқуқии аҳолӣ, муайян намудани мушкилоти аҳолӣ дар самти ҳуқуқу озодиҳои инсон, инчунин таъмини ҳифзи ҳуқуқи инсон бештар карда шавад.
Инчунин аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон У. Бобозода дар Донишгоҳи омӯзгории Рашт вохӯрӣ бо устодон ва донишҷӯёни ин донишгоҳ гузаронида шуд.
Дар рафти вохӯрӣ У. Бобозода дар масъалаҳои пешрафти ҳуқуқи инсон дар ҷумҳурӣ, фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, санадҳои миллӣ дар самти риояи ҳуқуқи инсон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои номатлуб баромад намуданд.
Аз ҷониби Бобохонзода С. вобаста ба санадҳои байналмилалии самти ҳуқуқи инсон, ки аз ҷониби Тоҷикистон ба тасвиб расонида шудаанд суханрони карда шуд.
Дар қисмати муҳокимавии вохӯрӣ аз ҷониби иштирокчиён вобаста ба самтҳои гуногуни ҳуқуқи инсон саволҳо ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон пешниҳод гардид ва ба саволҳои дода шуда ҷавобҳои мушаххас дода шуд.
Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ