Иштироки намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
дар Форуми минтақавӣ
Дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон санаи 21 октябри соли 2022 Форуми сеюмини минтақавӣ дар мавзӯи “Манзили иҷтимоӣ дар Осиёи Марказӣ: таҷрибаҳои беҳтарин, мушкилот ва пешомадҳо” баргузор гардид. Дар кори Форум намояндагони мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон натиҷаи таҳқиқот оид ба манзили иҷтимоиро, ки дар ҷумҳуриҳои зикргардида гузаронида шуданд, баррасӣ намуданд.
Бо даъвати Фонди рушди парламентаризм дар Қазоқистон Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Ҳабибулозода Р. дар кори Форуми мазкур иштирок намуда, бо маърӯза дар мавзӯи “Мусоидати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар амалишавии ҳуқуқ ба манзил” баромад кард.
Зимни баромад дар бораи сиёсати давлат дар самти дастрасӣ ба манзили кофӣ ва дастрас, уҳдадориҳои ҷумҳурӣ дар самти мазкур, тадбирҳои дар ин самт андешидашаванда, аз ҷумла қабули Кодекси нави манзил ва дар он пешбинӣ гардидани меъёрҳо оид ба манзили иҷтимоӣ, ки ба гурӯҳҳои осебпазир дастрасӣ ба манзили кофиро кафолат медиҳад, дар бораи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар самти мусоидат ба ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон ба манзил маълумот пешниҳод карда шуд.
Иштирокчиёни чорабинӣ таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, аз ҷумла қабули Кодекси нави манзил ва дар он пешбинӣ намудани муқаррарот дар бораи манзили иҷтимоиро ҳамчун таҷрибаи пешқадам арзёбӣ намуданд.
Аз натиҷаи кори Форум иштирокчиён ба хулоса омаданд, ки дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба таъмин бо манзили иҷтимоӣ бояд муносибати ба ҳуқуқи инсон асосёфта татбиқ карда шавад. Ҳамчунин қабул намудани барномаҳои дахлдор барои ташкил кардани фонди манзили иҷтимоӣ, ба роҳ мондани сохтмони манзили иҷтимоӣ, ҳавасманд гардонидани он ширкатҳои сохтмоние, ки манзили иҷтимоӣ месозанд, дар биноҳои сохташавандаи фонди хусусӣ ҷудо намудани фоизи муайяни манзили иҷтимоӣ барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ (кӯдакони ятиму бепарастор, занон, маъюбон, ҷавонон) пешниҳодҳо карда шуданд.
Хадамоти матбуотии ВҲИ