Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

ДУШАНБЕ, 10.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. 9 ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иқдоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

 

Дар ҳамоиш роҳбарият ва кормандони мақомот, намояндагони Шӯрои ҷавонони назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, инчунин кормандони шуъбаҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Чумҳурии Тоҷикистон  Умед Бобозода ҳамоишро оғоз намуда, доир ба дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ сухан гуфт.

Олими таърихшинос, доктори илми таърих, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Зикриё Акрамӣ дар мавзӯи «Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: мантиқи таърих» маърӯза намуда, оид ба нақши ин иҷлосияи сарнивиштсоз дар таърихи навини тоҷикон ибрози ақида намуд.

Дар ҳамоиш инчунин сардори шуъбаи ташкилӣ, таҳлилӣ ва иттилоотии  Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Аҳад Содиқов оид ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлату миллати тоҷикон аз парешонӣ бо таҳлили амиқи муқоисавӣ сухан гуфт.

Зикр шуд, ки дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати созанда ва ободкоронаи Сарвари давлати тоҷикон вазифаи ҳар фарзанди баору номуси ватан мебошад ва мо бояд дар пайравӣ ба хизматҳои беназири Пешвои миллат ҷиҳати ободу зебо ва пешрафта намудани ватани азизамон саъю талош намоем.

Бознашр аз АМИТ «Ховар»

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор