Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

ДУШАНБЕ, 01.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 30 ноябр вохӯрии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода бо гузоришгари вижаи СММ оид ба масъалаи ҳомиёни ҳуқуқи инсон Мэри Лолор баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти Ваколатдор хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, ҳамкории он бо созмонҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон, ташкилоти ҷамъиятии дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон фаъолияткунанда, ҳомиёни ҳуқуқи инсон, вазъи ҳуқуқии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» ва дигар масъалаҳо вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи инсон матраҳ гардиданд.

Мэри Лолор дар бораи вазифаҳои гузоришгари вижаи СММ оид ба масъалаи ҳомиёни ҳуқуқи инсон, корҳои анҷомдода дар самти ҳимояи ҳомиёни ҳуқуқи инсон, пешниҳоди гузоришҳо аз натиҷаи сафарҳои анҷомдодашаванда сухан гуфт.

Хотиррасон мекунем, ки аз 28 ноябр то 9 декабри соли равон гузоришгари вижаи СММ оид ба масъалаи ҳомиёни ҳуқуқи инсон Мэри Лолор ва ҳайати ҳамроҳонаш аз баъзе шаҳру навоҳии кишвар боздид ба амал оварда, бо намояндагони мақомоти гуногуни давлатӣ суҳбат мекунанд.

Бознашр аз АМИТ Ховар

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор