Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

November 2024
M T W T F S S
1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30

Рӯзи 6 декабри соли 2022 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Ҳафтаи ҳуқуқи инсон, ки ҳамасола дар арафаи Рӯзи ҳуқуқи инсон қайд карда мешавад, мизи мудаввар доир намуданд.

Дар мизи мудаввар намояндагон аз мақомоти прокуратура, суд, вазоратҳои мудофиа, адлия ва дохилӣ, Гвардияи миллӣ, КДАМ, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.

Маърӯзачиён тибқи Барнома дар мавзӯҳои «Ҳуқуқи инсон-арзиши муҳими ҷаҳони муосир», «Ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбӣ ва натиҷаи мониторинги қисмҳои ҳарбӣ», «Ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсии хизматчиёни ҳарбӣ». «Таҷрибаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба роҳҳои пурсамари мубориза бар зидди муносибатҳои ғайриоиномавӣ дар қисмҳои ҳарбӣ», «Адолати судӣ нисбати хизматчиёни ҳарбӣ» ва «Назорати дақиқи иҷрои қонунҳо дар фаъолияти Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуданд.

Дар рафти мизи мудаввар бештар ба масъалаҳои ҳуқуқҳои сарбозон дар давраи хизмат ва аз байн бурдани муносибатҳои ғайриоиномавӣ мубоҳисаҳо сурат гирифта, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани вазъи риояи ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ тавсияҳо пешниҳод карда шуданд.

 

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор