Бо ташаббуси Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ВМКБ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии хуқуқи инсон дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ мизи мудаввар бо иштироки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои давлатӣ ва ташқилотҳои ҷамьиятӣ баргузор гардид.
Зимни чорабинии зикргардида ба Раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Ҷумьазода Ҷумьа Шофақир барои хамкории самарабахш бо мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти эҳтиром, эьтироф, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон ва ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон сипосномаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Бобозода Умед тақдим гардид.