Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Дар асоси нақша чорабиниҳои тасдиқнамудаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рӯзи ҳуқуқи инсон бо ташаббусӣ мақомоти Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон санаи 8 декабри соли 2022  дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҳамоиши илмии вилоятӣ таҳти унвони “Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон-дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд” баргузор гардид.

Ҳамоиши илмии вилоятӣ дар маҷлисгоҳи бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки намояндагони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ омӯзгорон ва ҷавонон гузаронида шуд.

Намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон Ҳайдарзода Муҳаммад Ҳайдар дар мавзуи “Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон-дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд” ва дигарон аз мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ вобаста ба мавзуҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд баромад намуданд.

Намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон Ҳайдарзода Муҳаммад Ҳайдар дар баромадаш қайд намуд, ки “Дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон босазо буда, маҳз бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Намояндагиҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон  дар заминаи Қабулгоҳҳои ҷамъиятии шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд ва Бохтар бо пешниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо супоришу дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст”

Ҳамзамон дар ҷамъбасти  ҳамоиши илмӣ ғолибони озмуни расми беҳтарин бахшида ба таҷлили “Рӯзи ҳуқуқи инсон” дар мавзуи “Ҳуқуқҳои кӯдакон аз нигоҳи кӯдакон” миёни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар бо туҳфаҳои Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон қадрдонӣ карда шуданд.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор