Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Баргузории Мизи мудаввари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар доираи таҷлили Ҳафтаи ҳуқуқи инсон рӯзи 9 декабри соли 2022 бо иқдоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар меҳмонхонаи “Ҳилтон”  ба ифтихори ҷашни Рӯзи ҳуқуқи инсон Мизи мудаввар доир карда шуд.

Дар ҳамоиши мазкур намояндагони вазорату идораҳо, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои илмии ватанӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, васоити ахбори омма ва кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Мавриди зикр аст, ки Мизи мудаввари мазкур чорабинии ҷамъбастии таҷлили Ҳафтаи ҳуқуқи инсон буда, дар давоми ҳафтаи сипаришуда як қатор чорабиниҳои ҷашнии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ташкил ва гузаронида шуданд ва рӯзноманигорони ватанӣ чорабиниҳои зикршударо дар васоити ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ васеъ инъикос намуданд.

Иштирокчиёни ҳамоиш зимни маърӯзаҳои худ оид ба дастовардҳои ҷумҳурӣ ва масъалаҳои мавҷуда дар самтҳои гуногуни ҳуқуқ ва озодиҳои инсон суханронӣ намуда, ҷиҳати пешбурди минбаъдаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар ҷумҳурӣ таклифу пешниҳодоти ҷолибро баён намуданд.

Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол тибқи Конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намуда,  роҳи эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёдро пеш гирифтааст ва дар ин ҷода дар оғози ин шоҳроҳ қарор дорад. Мувофиқи мақсад аст, ки ҷиҳати расидан ба ин ҳадафҳои олӣ фаъолияти ҳама ҷонибҳои манфиатдор тақвият дода шавад.

Дар анҷоми чорабинӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода бори дигар ҳозиринро бо фарорасии ҷашни Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон, 74-солагии қабули Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон ва 10-солагии қабули Эъломияи СММ дар бораи таълим ва омодагӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон саломативу бурдборӣ ва дар пешбурди ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷумҳурӣ муваффақиятҳо таманно намуданд.

Дар идомаи чорабинии мазкур дар бинои мақомот аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон кормандони фаъоли мақомот бо ифтихорномаҳо ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон қадрдонӣ карда шуданд.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор