Санаи 23 декабри соли 2022 дар бинои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон тамошои дастаҷамонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби кормандони мақомот баргузор гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ оид ба пешбурди самараноки сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Кормандони мақомот тасмим гирифтанд, ки нуқтаҳои Паёмро сармашқи фаъолияти ҳамарӯзаи худ қарор дода, ҷиҳати иҷрои самараноки дастуру супоришҳое, ки дар Паёми имсолаи Сарвари давлат баён шудааст, саҳмгузорӣ намоянд.
Хадамоти матбуотии ВҲИ